Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Рӯзи ид

Аз майхорае пурсиданд:

— Ту арақ менӯшӣ?

Майхора гуфт:

— Танҳо рӯзҳои ид.

Боз пурсиданд:

— Рӯзи идат кадом аст?

Мард гуфт:

— Рӯзе, ки арақ ёбам, ҳамон рӯз бароям ид аст.

Таъна

— Ман аз мурдан метарсам.

— Барои чӣ?

— Охир, баъд аз маргам занам ба қабристон омада, доду фиғон мебардорад.

— Хайр, дӯстат медорад…

— Не, занам боз таъна мезанад, ки ман барқасд аз кор гурехтаву худро куштаам.

Таъқиб

Духтур ба бемор:

— Хуш, чӣ шикоят доред?

— Вақтҳои охир ҳис мекунам, ки касе доим маро таъқиб мекунад.

— Ин ҳолат аз кай боз аст?

— Аз рӯзе, ки аз маҳбас гурехтам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *