Аз таҳти дил бихандед!
Фолбин
Ҷавоне ба ҷавони дигаре гуфт:
— Бо автобус омадӣ?
Ў гуфт:
— Фолбинӣ? Аз куҷо фаҳмидӣ?
Гуфт:
— О, ягон тугма надорӣ-ку!
Ҳамсояҳо
Зане субҳгоҳон аз ҳамсояаш мепурсад:
— Ҳа, Гуландом, бемор шудӣ чӣ?
Гуландом дар ҷавоб:
— Савригул, барои чӣ ман бемор мешудаам?
Савригул мегӯяд:
— Ин саҳарӣ аз хонаат духтур баромада буд.
Гуландом мегӯяд:
— Хайр чӣ? Вақте субҳгоҳон аз хонаи ту полковник мебарояд, ман “Ҷанг сар шудааст” гуфта, дар тамоми кӯча доду вой намебардорам ку!
Ханда
Писаракеро пурсиданд:
— Оё модарат ягон бор механдад?
Гуфт:
— Моҳе як бор — рўзе, ки падарам маошашро меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ