Аз таҳти дил бихандед!
Писари мо
Зану марде оиладор мешаванд. Ҳардуяшон аз никоҳи аввал соҳиби якфарзандӣ ҳастанд. Бо мурури вақт фарзанди худашонро ба дунё меоранд. Кӯдакон ба воя расида, дар кӯча бозӣ мекунанд. Рӯзе мард занашро ба назди тиреза даъват карда, мегӯяд:
— Занак, нигоҳ кун, писари туву писари ман писари моро мезананд!
Рамзи сулҳ
Марди деҳотие мурғобиро таги каш карда ба шаҳр меояд. Дар пойтахт корманди пулис ӯро аз роҳаш нигоҳ дошта, мепурсад:
— Ҳой қишлоқӣ, ин ҷо барои ту деҳа нест, ки бо мурғобият сайругашт намоӣ!
Марди деҳотӣ мегӯяд:
— Чаро кабӯтарон дар маркази шаҳр мегарданду ба мурғобӣ мумкин набудааст?
Корманди пулис:
— Барои он ки кабӯтар рамзи сулҳу ваҳдат аст!
Мард мегӯяд:
— Агар ҳамин мурғобии ман дар фикри ҷанг бошад, Худо ҷони маро ҳамин ҳоло бигирад!
Толори холӣ
Аз ҳунарманде пурсиданд:
— Чаро ҳамеша нақши нафарони нобиноро мебозед?
Ҳунарманд мегӯяд:
— Намехоҳам толори холиро бубинам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ