Аз таҳти дил бихандед!
Намезояд, пас нар аст
Афандиро пурсиданд:
— Харат нар аст ё мода?
Гуфт:
— Намезояд, пас нар аст.
Ҷавоби вазир
Аз вазири кишоварзӣ мепурсанд:
— Дар назди хоҷагии қишлоқ кадом монеаҳо истодаанд?
Вазир гуфт:
— Онҳо бисёранд.
Боз мепурсанд:
— Асосиҳояшонро номбар намекунед?
Вазир мегӯяд:
— Асосиҳояшон чор аст: баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон.
Хайрият
— Дўстам, меҳмони нав муборак. Хурўс-а?
— Ҳа, хурўс!
— Ба ту монанд?
— Не, ба занам.
— Уф-ф… Хайрият-е…
— Чаро “хайрият”?
— О, гумон доштам, ки ба ман монанд мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ