Аз таҳти дил бихандед!
Арзону фаровон
Меҳмоне аз раиси ноҳия пурсид:
— Дар ноҳияи шумо чӣ арзону фаровон аст?
Афандӣ ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:
— Ваъдаву фанду фиреб.
Спортсмен
Марде ҷавонеро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ карда, гуфт:
— Ин кас спортсмен.
— О-о, спортсмен! Аз кадом намуд?
— Давидан.
— О-о, медавад?
— Ҳа, аз қафои духтарҳо.
Апаи зўр
— Апаи ман зўр! Бо як кораш бобома бобокалон, момома момокалон, отама бобо, очама момо, хоҳарама хола, мана тағо кард.
— О, чӣ кор кард апаат?
— Бача таваллуд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ