Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Фоидаи оиладорӣ

— Оҳҳо, ҳама тугмаҳоят дӯхтагӣ! Дидӣ, писарам, оиладор будан чӣ хел хуб аст?

— Ҳа, ин кори якум буд, ки занам ба ман ёд дод.

Моҷаро

Марде ба ҳамсояаш занг зада, мегӯяд:

— Парвиз, зудтар ба кӯча баро! Он ҷо ду зан барои ту моҷаро доранд!

Парвиз фахр карда, мегӯяд:

— Ҳа бародар, дидӣ қудрати маро, занҳо бароям ҷанг мекунанд…

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Ҳа, дида истодаам, як зан мегӯяд, ки “Парвизро ба ту бахшидам!”, дигараш мегӯяд: “Аз афташ безорам, ба худат насиб кунад!”.

Соҳиби аквариум

Телефон занг мезанад. Гӯшакро падари духтар мебардорад ва мешунавад:

— Ало, моҳичаи ман, ин туӣ?

Падари духтар:

— Не, ин соҳиби аквариум…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *