Аз таҳти дил бихандед!
Дар беморхона
— Духтурҷон, мегӯянд, ки дар беморхонаи шумо баъзан диагнози нодуруст мемонанд.
— Чӣ хел?
— Мисол, “шумо шамол хӯрдагӣ” гуфта, табобат мекунеду ман аз дарди гурда мемурам.
— Не, дар таҷриба ягон бор чунин нашудааст. Агар ман шуморо аз шамолхӯрдагӣ табобат кунам, аниқ аз ҳамин дард мемуред, ташвиш накашед.
Тапиши дил
Духтар ҷавонро оғӯш карда, мегӯяд:
— Ҷонакам, ба ман ягон сухани меҳрборе гӯй, ки аз шуниданаш тапиши дилам тезтар шавад.
Ҷавон:
— Падарат дар пуштат истодааст.
Троллейбус
Зан аз мард мепурсад:
— Фарҳодҷон, ба хона бо чӣ меравем?
Мард мегӯяд:
— Гулиҷон, ту бо чӣ рафтан мехоҳӣ?
Зан мегӯяд:
— Намедонам тарзи дурусти талаффузаш чӣ гуна бошад: «таксӣ» ё «такси»?
Мард мегӯяд:
— Тарзи дурусташ «троллейбус».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ