Аз таҳти дил бихандед!
Духтур ва ҳамшира
Ҳамширае бо таҳлука назди духтур омада, мегӯяд:
— Аҳволи бемори 7-ум палата ҳар дақиқа бад шуда истодааст.
Духтур бо ғазаб эрод мегирад, ки ин тавр гуфтан лозим нест. Бояд чунин гуфт:
— Бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки аҳволаш бад шуда истодааст.
Рӯзи дигар ҳамшира оромона ба табиб мегӯяд:
— Духтур, бемор аз 7-ум палата фикр мекунад, ки ӯ мурдааст…
Ҳуруфчин
Ҳуруфчине ба назди духтури дандон рафт. Духтур гуфт:
— «А» гӯед.
— «А»-и калон ё «а»-и хурд?
Азизакам…
Соҳибҷамоле ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:
— Барои тасаллои дил, ақаллан боре ба ман «азизакам» гуфта, муросо намо!
Ҷавон бо ғурур, ҳавобаландона мегӯяд:
— Эҳ, ҳа-а-а! Ман то ба ҳол боре ҳамсари худро «азизакам» нагуфтааму…
— Эҳ, ҳа-а-а! Чӣ, ту зан дорӣ?,- мегӯяду мушти обдоре бар сари ҷавон мезанад.
Ҳуш аз сари ҷавон парида, мегӯяд:
— Азизакам, ту аз зани дуюмам ҳам боқувваттар будаӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ