Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ҳасрат

Мард ба дӯсташ ҳасрат мекунад:

— Аз куҷо занеро пайдо кунам, ки ба хотири ман ба обу оташ зада дарояд?

Дӯсташ дар ҷавоб:

— Ба ту зани сӯхтагиву дар об зада чӣ лозим аст?

Роҳкиро

Ҷавоне ҳангоми аз автобус фаромадан ба ронанда мегӯяд:

— Ако, ман роҳпулӣ надорам.

Ронанда ба ғазаб омада, ҷавонро як лагад мезанад. Ҷавон аз ронанда хоҳиш мекунад, ки як лагади дигар ҳам занад. Ронанда дар сари қаҳр ӯро боз як лагади дигар мезанад. Ин дам ҷавон ба даруни автобус нигоҳ карда, мегӯяд:

— Гулӣ, ман роҳкирои туро ҳам додам.

Шакарханд

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Мардакҷон, имрӯз ман ба назди духтур рафтам. Гуфт, ки ба Варзоб, Ромит ё Норак равам ва дар назди об истироҳат кунам. Мо ба куҷо меравем?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Ба назди духтури дигар!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *