Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Зинапоя ва лифт

Ду маст дар роҳи оҳан рафта истодаанд.

— Ин қадар зинапояи дароз будааст,- мегӯяд яке.

— Ҳеҷ гап не, аз қафо лифт омада истодааст,- мегӯяд дувумӣ.

Шавҳаркуш

Дар толори суд аз зани шавҳаркуш мепурсанд:

— Чор шавҳари шумо аз истеъмоли замбурӯғи заҳрнок фавтиданд, панҷумаш бошад, аз зинаҳо сарозер шуд. Шумо ин фоҷиаро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Зан дар посух мегӯяд:

— Шавҳари панҷумам замбурӯғро намехӯрд.

Фолбин

Духтаре ба ҷавони дӯстдоштааш мегӯяд:

— Субҳон, кай ба хонаамон хостгор равон мекунӣ?

Ҷавон дар ҷавоб: — Медонӣ, ҷонакам, як фолбин ба ман гуфт, ки зани якумам вафот мекунад. Беҳтараш ман сараввал бо духтаре издивоҷ мекунам, ки дилам барои мурданаш насӯзад, ана баъд туро ба занӣ мегирам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *