Баҳори бедард барои кӯдак. Чӣ бояд кард, ки тифл солим ба воя расад?

Одатан дар баҳор, ки вазъи обу ҳаво зуд-зуд тағйир меёбад, ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шудани кӯдакону наврасон ба назар мерасад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо суҳбате доштем бо духтури тибби оилавии Маркази саломатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Каримов Хисрав.

-Дар фасли баҳор кӯдакон бештар ба кадом бемориҳо гирифтор мешаванд?

— Дар фасли баҳор бемор шудани кӯдакон эҳтимоли зиёд дорад ва яке аз сабабҳои асосӣ тағйирёбии иқлим буда метавонад. Дигар ин, ки баҳор шудааст гуфта кӯдаконро тез-тез ба ҳавои кушод мебароранд, ин комилан нодуруст аст, махсусан, барои кӯдакони аз 3-моҳа то 1 ё 2-сола. Кӯдакон, ки миҷозашон суст аст, бисёри аз онҳо аз шамолхӯрӣ ба бемориҳои шадиди роҳи нафас дарунравӣ, илтиҳоб, дизентерия, камвазнӣ, харобшавӣ гирифтор мешаванд. Худи ҳамин бемории шадиди роҳи нафас агар сари вақт пешгирӣ нашавад, аз сабабе ки организми кӯдак суст аст, ба он осеб расониданаш эҳтимоли зиёд дорад. Дар давраи аз 3 то 7-солагӣ бо зиёд гаштани тамоси кӯдак бо ҳамсолон ва калонсолон бемориҳои сирояти шадид (сурхча, сурфакабудак, махмалак ва тарбод) зиёд мешавад, бемориҳои марбут  ба алергия низ дар ин давра тез-тез сар зада меистанд

-Аз фасли сармо ба фасли гармӣ гузаштан ба организми кӯдак чӣ таъсир мерасонад?

— Барои кӯдак аз хунукӣ ба гармӣ гузаштан мушкил аст, махсусан, барои кӯдакони то 1-сола. Чунки бадани кӯдак заиф аст ва ӯ дарҳол ба ҳар гуна ҳаво мутобиқ шуда наметавонад ва барои аз як муҳит ба муҳити дигар мутобиқ шуданаш вақти зиёд лозим аст. Агар ду ё се рӯз офтоб баромада нурафшонӣ кунад, мардум хаёл мекунанд, ки ҳаво гарм шудаасту ба кӯдакон он қадар аҳамият надода, онҳоро бо либосҳои тунуки баҳорӣ ба ҳавои кушод ба сайругашт мебароранд, ки дар чунин ҳолат бемор шудани кӯдак эҳтимоли зиёд дорад.

— Ҳоло бисёре аз кӯдакон ба бемории фишорбаландии майнаи сар (черепной) гирифторанд, шумо сабабашро дар чӣ медонед?

— Шахсоне, ки  муҳити оилавиашон ҳамеша ноором аст, парешон ҳастанду асабиянд ва ё заноне, ки май менӯшанду сигор мекашанд ва ғизои солим истеъмол намекунанду дар вақти ҳомилагӣ ба худ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ин ба кӯдаки дар батнашонбуда зарар расонда, кӯдакро ба ҳар гуна бемориҳо оварда мерасонад, аз ҷумла фишорбаландии майнаи сар.

— Роҳҳои  пешгирӣ намудани кӯдакон аз ҳар гуна бемориҳо дар чист?

— Пеш аз ҳама, гигиенаи шахсиро риоя кардан. Дигар ин, ки кӯдак ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад ва бояд дар ҳар фасл хуб нигоҳубин карда шавад. Ҳар гуна бемориро дар кӯдак ҷиддӣ бояд гирифт ва ҳар чӣ зудтар ба духтур муроҷиат бояд намуд. Барои солимӣ ва хуб афзоиш ёфтани кӯдак дар батн, сараввал модар  бояд ғизои солим истеъмол кунад, аз ҳар гуна стресс дур бошаду ҳамеша хушҳол нигоҳ дошта шавад. Чунки чигунагии ҳоли модар ба кӯдак таъсир расонда метавонад. Кӯдаконро тез-тез ба ҳавои сард ва ба онҳо ҳар гуна ғизои сард додан мумкин нест.

— Барои сиҳату саломат будани кӯдак дар як моҳ чанд маротиба ба духтур муроҷиат намудан лозим аст?

— Дар ҳаёти кӯдак якчанд  давраҳои афзоишу инкишоф мавҷуд аст. Ҳар давраи афзоиши кӯдак ҳар хел мегузарад. Сараввал, дар давраи навзодӣ, ки то 28 — рӯзро дар бар мегирад, то 3 бор кӯдакро дар макони зисташ муоина мекунанд. Аз 1 — моҳа то 1 — соларо дар як моҳ як бор ва аз 2 — сола боло шаш моҳ пас бояд муоина карда  шавад.

Мусоҳиб Мунира Каримова, донишҷӯи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *