“Баҳри тоҷик” мағлуб шуд. Мард аз ғарқшавӣ наҷот ёфт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наҷот ёфтани марде аз ғарқшавӣ хабар дод.
— Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷараёни навбатдорӣ дар соҳили обҳои қаламрави вилоят чашмашон ба марде дар «Баҳри тоҷик» афтод, ки бо камераи чархи мошин шиноварӣ мекард, вале баногоҳ рӯ ба ғарқ шудан овард. Бо дурбин ин лаҳза басо рӯшану дақиқ дида мешуд. Имдодгарон фурсатро аз даст надода, фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва мардро аз гирдоби об берун кашиданд. Маълум шуд, ки ӯ 35 сол дошта, сокини шаҳри Гулистон будааст,- афзуд манбаъ.
Ба ҷабрдида ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд ва чун ҳолаш беҳ мешавад, аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ