Ба чӯпонӣ рафту ғайб зад ва ҷасадашро аз дарёи Қаратоғ ёфтанд
Ҷасади як сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар куҳ чорво мечаронду нопадид шуд, рӯзи 9-уми апрел пайдо ва ба соҳибонаш супурда шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, номбурда охири моҳи марти соли равон ба қасди чорвочаронӣ молҳои худро ба куҳ бурда, вале бегоҳ аз ӯ дарак нашудааст. Ҷустуҷӯи шахси ғайбзада аз ҷониби шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода бо ҷалби сокинони маҳаллӣ тӯли ин рӯзҳо бенатиҷа идома дошт.
— 9-уми апрел ҷасади ӯро аз дарёи Қаратоғ пайдо карда, ба пайвандонаш супурданд. Сабаби марги ӯ маълум нест, аммо ба эҳтимоли зиёд риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чорвочаронӣ аст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ