Ба хонаводаи сарбози кушташуда 300-сомонӣ ҷуброн дода шуд аммо…

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе аз нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов 3 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ рӯёндааст. Қаблан ин хонавода аз нирӯҳои марзбонӣ 500 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб карда буд.

Масъулони созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ гуфтанд, ки волидони Абдуваҳҳоб аз ин ҳалномаи додгоҳ розӣ нестанд ва дубора шикоят хоҳанд кард. Дилафрӯз Самадова, намояндаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ гуфтааст, “нирӯҳои марзбонӣ ба модари Абдуваҳҳоб ва падараш 2 сомонӣ додааст.”

Баъд аз ду моҳи хидмат, рӯзи 6 июли соли 2015, ҷасади Абдуваҳҳобро ба дасти наздиконаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супурданд. Падари Абдуваҳҳоб кишоварз буда, баъд аз марги фарзанд муддате дар ҳолати “шок” қарор доштааст.

Як мақоми нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, дар вақти ба ҷазо кашидани сарбозоне, ки Абдуваҳҳоб Қаюмовро латту кӯб намуда ва ба ҳалокат расонидаанд, ба мақомоти тафтишот кумак карданд. “Дар натиҷа ду сарбоз Шӯҳрат Ёқубов ва Исмоил Маҳмадёров ба 16 ва 17-солии зиндонӣ шуданд ва як “прапоршик”-и қисми ҳарбӣ барои хунукназарӣ ду сол ҳабс гардид”, — гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сардори дафтари матбуоти нирӯҳои сарҳадбонӣ низ мегӯяд, дар сурати шикояти дубораи волидони Абдуваҳҳоб Қаюмов онҳо ба қонунгузорӣ такя мекунанд ва ба ҳукми додгоҳ эҳтиром мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *