Ба КҲФ гӯш накарда рафтанду бедарак шуданд…

Баён Салихови 45-сола, писари ӯ Муҳтоҷиддини 14-сола ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидови 22-сол панҷ рӯз қабл барои пайдо кардани бузҳояшон ба кӯҳи Хоҷамастон баромаданд, вале бедарак шуданд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯянд, ки барфи баланд дар кӯҳҳои атрофи деҳаи Зағертии шаҳри Леваканд (собиқ Сарбанд), амалиёти ҷустуҷӯи се сокини ин маҳалро ба душворӣ рӯбарӯ кардааст.
Се сокини ин деҳа — Баён Салихови 45-сола, писари ӯ Муҳтоҷиддини 14-сола ва ҳамсояи онҳо Рустам Саидови 22-сол панҷ рӯз қабл барои пайдо кардани бузҳояшон ба кӯҳи Хоҷамастон баромаданд, вале бедарак шуданд.
Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Левакант гуфт, вақте ин афрод бегоҳи панҷшанбе ба ҷустуҷӯи чорвои худ ба кӯҳ рафтанд, ҳаво хушк буд, вале шабона барф борид ва онҳо дигар барнагаштанд. Ба гуфтаи КҲФ, ҳоло сатҳи барф дар ин маҳал ҳудуди як метрро ташкил медиҳад ва кори наҷотдиҳандагонро дар пайдо кардани онҳо душвор кардааст.
Сокинони деаи Зағертӣ гуфтанд, ки охирин тамоси онҳо аз кӯҳ соати шаши шоми 21-уми январ будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан аз мардум хоста буд, ки рӯзҳои 22-23 январ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, ба кӯҳҳо нараванд ва низ ба ронандаҳо маслиҳат дод, ки дар сурати яхбандӣ ва ҳавои пурборишу сард аз сафарҳои безарурат даст кашанд. Охири ҳафтаи гузашта дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон барфи сангин борид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *