Ба калбуз шох мадеҳ! Ё чӣ тавр “боевик”-и шинос ба пешониам автомат гузошт

Ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣ

Ҳар замон чанд воқеаи ногувори дар солҳои 1992-1993 рухдода ба хотирам омада, азиятам медиҳанд. Баъзе ашхоси рўйхунукро мебинаму алағда мешавам. Он солҳо банда дар корхонаи ордбарории ноҳияи Ҳисор фаъолият доштам. Вазифаи ман таъминоти корхона бо қисмҳои эҳтиётӣ буд. Ҳар замон бо мошини ГАЗ-53-и корхона то ба сарҳади Ўзбекистон рафта, аз комбинати ордбароии ноҳияи Шўрча барои корхоанаамон қисмҳои эҳтиётии барои корхонаамон даркориро меовардам. Аз он ҷо низ кормандон ба комбинати мо омада, қисмҳои эҳтиётии барояшон лозимаро гирифта мебурданд.

Ман аз маркази ноҳия 18 километр дур мезистам. Ҳаракат мекардам, ки пагоҳии барвақт ба корхона расида равам. Он вақт дар ҳар ҷо дидбонгоҳ бунёд карда буданд, ки “пост” мегуфтанд. Аз “Пости Фарҳод”, ки дар истгоҳи деҳаи Латтахорак қарор дошт, бемамоният гузаштам, чунки ҷанговар (“боевик”)-ҳои “Фарҳод” ҳама шинос буданд. Пас аз кор бегоҳӣ аз корхона соати 17 баромадам, бо сабкурави “Москвич”-и шахсиям ба шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода омада, баъд ба гардиши дараи Алмосӣ тоб хўрдам. Як “Жигули”-и сиёҳранг аз пушт меомад. Аз оинаи мошинам нигаристам, “боевик” дар сари чанбари мошин асту бо шитоб мошин меронад. Суръатро паст кардам, то ки ў аз мошини ман гузарад. Не, нагузашт. Мошинро тез рондам, ў низ суръатро афзуд. Дар дилам сиёҳие пайдо шуд. Ба вагон, ки пости боевикҳо ҳисоб меёфт, расидам. “Жигули” аз ман гузашту дар назди вагон истод ва ҷониби ман ишораи истодан кард. “Боевик” аз мошинаш берун шуду ба “боевик”-и нигаҳбон фармон дод: “Тшателно проверяйт!”. Он нигаҳбони автоматбадаст мошини маро пурра аз назар гузаронд. Ман аз мошинам фуромада, ба он “боевик”-и автоматбадаст гуфтам: “Бародар, ман ҳар рўз аз ин роҳ ба кор рафта меоям. Ягон гуноҳ надорам, дар мошинам чизе нест”. Он командир ба ҷойи ҷавоб мили автоматашро ҷониби ман рост кард, аз тарс қариб буд либоси тагамро тар кунам. Дар ҳамин ҳангом чизе ба хотираш фавран расид, ки зуд ба вагон даромад ва аз ин фурсати муносиб истифода бурда, нигаҳбон маро ҷавоб дод. Хайрият, Худо мададгорам шуд. Он вақт чӣ гуна мехостанд, фарзанди одамро ҷазо медоданд ва касе “чаро?” ва “барои чӣ?” гуфта намепурсид.

Он командире, ки маро паррондан хост, сокини ҳамсоядеҳа аст. Соли 1968 бо чанд нафар монтёр симчўб мешинонду сим-ноқилҳо мекашид. Нағз мешиносамаш. Чанд бор ба хона даъват карда, дастархон кушодаам. Ба дасташ “Калашников” гирифтаасту маро намешиносад.

Солҳо гузаштанд. Сулҳу ваҳдат, ки мардум интизораш буданд, расид. Баъзан башараи хунуки он махлуқро мебинаму асабам вайрон мешавад. Дидан намехоҳам, вале беихтиёр назарам меафтаду “Рўта Бовалӣ бинад” мегўям.

Дар урфият мегўянд: “Ба бедаст даст ва ба калбуз шох мадеҳ”. Худованд аҷру подоши ҳар бандаро мувофиқи амалаш медиҳад. Илоҳо, ҳамеша сулҳу ваҳдат пойдор бошад!

Шамсиддини ҚУДРАТ,

узви Иттифоқи байналмилалии журналистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *