Ба қотилони имоми узбек ҳабси абад доданд
Шаҳрванди Туркия Элдор Аслан ва зодаи Ӯзбекистон Собир Шукуров, ки дар куштори имоми 39-солаи ӯзбек Мирзоғолиб Ҳамидов гунаҳкор дониста шуданд, ба ҳабси абад маҳкум гардиданд. Мирзоғолиб Ҳамидов, ки миёни пайравонаш ба Абдулло Бухорӣ маъруф буд, соли 2014 дар Истамбули Туркия кушта шуд.
Додгоҳ аризаи ҷониби даъвогарро, ки мехостанд нисбати Тигран Капланов ва Василий Иванченко ҳамчун созмондиҳандагони эҳтимолии куштор парванда таъсис дода шавад, рад кард.
21 июн додгоҳи ноҳиявии Бакиркёйи Истамбул муҳокимаи парвандаи куштори имомро, ки тақрибан шаш моҳ давом кард, ба охир расонид. Элдор Аслан ҳамчун қотил ва Собир Шукуров ҳамчун созмондиҳанда эътироф шуданд.
Ба гуфтаи вакили дифоъ Омер Юзгюл, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқҳои имоми марҳум Мирзоғолиб Ҳамидов ҳимоят мекард, айбдоршавандаҳо ба гуноҳи худ иқрор накарда, гуфтаанд, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Вакили дифоъ мегӯяд, пайвандони имом аз ҳукми додгоҳ қонеъ ҳастанд. Онҳо ин қатлро фармоишӣ медонанд ва аз он норозӣ ҳастанд, ки додгоҳ дархосташонро дар мавриди ҷустуҷӯи фармоишгарони қатли имом рад кард.
Бино бар нишондоди ду шоҳид, ки дар ҷаласаҳои пешини додгоҳ баромад карда буданд, Собир Шукуров ва Элдор Асланро барои қатли имоми ӯзбек нафаре бо номи Тигран Капланов, ки бо мақомоти махсуси Ӯзбекистон робита дорад, киро кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ