Баҳси хатарҳои ҷаҳон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мамнун Ҳусайн

Нимаи думюи дируз, 23 инюн Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Манун Ҳусайн, расиҷумҳури Покистон масоили энергентика, ҳамкориҳои дуҷониба, хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.

Дафтар матбуоти расиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишастар сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо як қатор раҳбарони кишварҳо, аз ҷумла, раисҷумшури Покистон мулоқот анҷом дод ва таъкид шуд, ки имкониятҳо баҳри густариши ҳамкориҳои судманд ва созандаи бисёрҷониба ва минтақавӣ васеъ аст ва бояд онро  афзун кард.

Сарони давлатҳо инчунин ҷонибдории худро оид ба рушду тавсеаи робитаҳо дар  соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки то имрӯз ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст, баён намуданд.

Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ руйдоди муҳим маънидод карда шуд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *