Ба Таҳмина овоз диҳед!
Дар кишвари Сан-Марино овоздиҳӣ барои интихоби намояндаи ин кишвар дар озмуни Eurovision 2018 оғоз ёфт. Яке аз довталабон овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова аст.
Агар Таҳмина баранда шавад, нахустин овозхони тоҷике хоҳад шуд, ки дар саҳнаи Eurovision ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Таҳмина аз мухлисонаш хостааст, ки барояш овоз диҳанд.
Таҳмина Ниёзова, овозхони ҷавони тоҷик тавассути саҳифааш дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ аз мухлисони худ даъват кардааст, ки аз номзадиаш дар овоздиҳӣ барои интихоби намояндаи кишвари аврупоии Сан-Марино дар озмуни Eurovision 2018 пуштибонӣ кунанд.
Таҳмина Ниёзова дар сурати пирӯзӣ дар сабқати миллии Сан-Марино метавонад нахустин овозхони тоҷик шавад, ки ба озмуни Eurovision 2018 – мӯътабартарин сабқати мусиқиву таронаи қораи Аврупо роҳ биёбад. Eurovision 2018 моҳи майи соли оянда дар Лиссабон, пойтахти Португалия баргузор мешавад.
Ҷумҳурии Сан-Марино яке аз хурдтарин кишварҳои дунёст, ки ҳамагӣ 61 километри мураббаъ масоҳат ва 33 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин кишвар имсол ба сабқати миллиаш барои интихоби номзад ба Eurovision 2018 360 овозхон аз кишварҳои мухталифро роҳ дод. Хоҳишмандон метавонанд вориди ин саҳифа шуда, ба номзади писандидаи худ, аз ҷумла ба Таҳмина Ниёзова овоз диҳанд. Барои ин кофист, ки болои клипи овозхони писандидаатон тугмаи дилро зер кунед.
ИНҶО ВОРИД ШАВЕД ВА БА ТАҲМИНА ОВОЗ ДИҲЕД!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ