Ба Тоҷикистон 4 миллиону 600 ҳазор ваксинаи зидди фалаҷ ворид шуд
Эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷ дар ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.
23 май аз ҷониби ЮНИСЕФ ва СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 миллион воя ваксина бар зидди бемории фалаҷ ворид гардид. Ваксинаҳои мазкур дар маъракаи миллии эмгузаронӣ бар зидди фалаҷ-полиовирус, ки моҳҳои май-июли соли равон дар мамлакат пешбинӣ шудааст, гузаронида мешавад. Дар ҷараёни ин маърака дар нақша аст, ки 1,4 миллион кӯдакони то шашсола аз фалаҷ эм карда шуда, системаи масунияти худро аз таъсири фалаҷ мустаҳкам намоянд.
Маъракаи миллии эмгузаронӣ бар зидди фалаҷ-полиовирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии СУТ ва ЮНИСЕФ дар доираи Ташаббуси глобалии нест кардани фалаҷ (Global Polio Eradication Initiative) гузаронида мешавад.
Дар маросими қабули ваксина намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ЮНИСЕФ ва СУТ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
«ЮНИСЕФ бо шариконаш барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар давраҳои муҳими маъракаи эмгузаронӣ аз фалаҷи полиомиелит барои таҳкими масунияти кӯдакон кор мекунад. Маъракаи иловагӣ бо маъракаи сафарбаркунии иҷтимоӣ ҷиҳати ҳавасмандкунии ҷомеаҳо барои эмгузаронии фарзандонашон ҳамроҳӣ карда мешавад», – гуфт муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Зайнаб Ал-Аззавӣ.
Пас аз таҳқиқи ҳамаҷониба Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди соҳаи тандурустӣ маъракаи иловагӣ оид ба эмгузаронии кӯдакон ҷиҳати пешгирии сирояти вируси фалаҷро омода намуд, ки он дар ду давраи эмкунӣ, мутаносибан аз 31 май то 5 июн ва аз 28 июн то 3 июли соли равон баргузор хоҳад шуд.
«Табобати полиомиелит вуҷуд надорад, онро танҳо тавассути истифодаи ваксина пешгирӣ кардан мумкин аст. Агар ваксинаи зидди фалаҷ якчанд маротиба ба кӯдак дода шавад, метавон бо ин роҳ кӯдакро пурра аз ин сироят муҳофизат намуд. Ваксинаи даҳонии полиомиелит бехатар ва муассир буда, барои нест кардани фалаҷи атфол дар аксар қисматҳои ҷаҳон истифода шудааст. Истифодаи ваксинаи даҳонии полиомиелит дар Тоҷикистон барои пешгирии сироят ва муҳофизати кӯдакон аз ин бемории вазнин муҳим аст. СУТ тамоми талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони соҳаи тандурустиро барои омодагӣ ба маъракаву хариди ваксинаҳо дастгирӣ мекунад. Ҳамзамон волидонро даъват мекунем, ки фарзандони худро эм кунанд», – гуфт намояндаи СУТ дар Тоҷикистон, доктор Виктор Олшавский.
Ховар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ