Баъди занозанӣ дар тарабхона вакили парлумон истеъфо дод
— Вакили парлумони Қирғизистон Жанибек Абиров аризаи истеъфояшро навишт,- хабар додааст Комисияи интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон.
Бино ба иттилои манбаъ, аризаи Абиров аввалан баррасӣ шуда, баъдан давоми ду моҳи оянда интихоботи миёндавраӣ таъйин хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки худи Жанибек Абиров низ ду рӯз қабл дар саҳифаи фейсбукиаш аз истеъфояш хабар дода буд. Ӯ гуфт, ки навиштани ариза ба занозаниаш дар тарабхона рабт дорад ва баъди он ҳодиса «ҳақи маънавии вакили парлумон буданро надорад».
Қаблан расонаҳои Қирғизистон навори занозаниеро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Бишкек бо иштироки Абиров нашр карда буданд. Ҷабрдида рӯзи 12-уми март ба пулис шикоят бурд. Жанибек Абиров рӯзи 14-уми март иштирокашро дар занозанӣ тасдиқ ва пулис ду гумонбари он занозаниро боздошт кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ