“Бахти сафед”-и Ралик нашр шуд

Ралик, ки аз ҷумлаи сермухлистарин рэпсароёни тоҷик маҳсуб меёбад, пас аз танаффуси хеле зиёд рэпи нави худро бо номи “Бахти сафед” нашр кард.

“Бахти сафед” дар ютубканали рэпсаро бо намоҳангаш нашр гардид, вале бо фарқ аз дигар рэпҳояш бозбинии ниҳоят кам гирифт.

Бархе ҳаводорони рэп ба назаре ҳастанд, ки услуби хондани Ралик куҳна шудааст ва ҳоло бештар мардум дигар рэпҳоро гӯш мекунанд. Вале мухлисони ӯ бошанд, ба фикре ҳастанд, ки рэпсаро пас аз танаффуси зиёд маҳсули эҷодашро нашр кард ва ҳатман таваҷҷуҳи мардумро ҷалб хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Ралик аз ҷумлаи рэпсароёне мебошад, ки борҳо маҳсули эҷодаш дар “тренд”-и “Ютуб” мавқеъ гирифтаанд. Яъне, дар як вақт хеле одамони зиёд рэпҳои ӯро гӯш кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *