Бахтиёр Шарифӣ: Барои боз ҳам беҳтар кардани шароит ҷаҳду талош дорем
Ноҳияи Ёвон яке аз ноҳияҳои аграриву саноатии дорои таърихи куҳану тамаддуни пурифтихор буда, мардуми шарафмандаш давоми нимсолаи якуми соли равон ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд.
Тавре раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ мегӯяд, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба таъмини волоияти қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ дода мешавад.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 1 млрд 461 млн 910,3 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба нимсолаи якуми соли 2022-юм 63 млн 489,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 814 млн 468,4 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 647 млн 441,9 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст. Дар қиёс ба нимсолаи якуми соли қаблӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархи муқоисавӣ 34 млн 155,2 ҳазор сомонӣ зиёд (104,4%) ва ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ (бо нархи ҷорӣ) 29 млн 334,6 ҳазор сомонӣ зиёд (104,7%) мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 шумораи умумии андозсупорандагон 49 ҳазору 576 нафар буда, аз инҳо 646 нафар шахсони ҳуқуқӣ, 607 нафар соҳибкорони инфиродӣ, 4769 адад хоҷагии деҳқонӣ, 649 нафар соҳибкори инфиродӣ бо патент, 1209 нафар соҳибкор бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, инчунин 41 ҳазору 696 нафар андозсупорандагон аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ ба андозбандӣ ҷалб гардидаанд.
Дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва маблағи азхудшуда 5,3 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
“Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2021-2025” 228 лоиҳаро ба маблағи 741 млн 438 ҳазор сомонӣ дар бар гирифта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 46,1 млн сомонӣ, аз буҷети вилоятӣ 14,0 млн сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 64,2 млн сомонӣ, аз бахши хусусӣ 263,3 млн сомонӣ ва сармояи дохилию хориҷӣ 353,7 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. То ин давра ба маблағи 297,0 млн сомонӣ иҷро гардидааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо 304 млн 813,2 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбатан 15 млн 490,1 ҳазор сомонӣ (105,4%) зиёд мебошад.
Кишоварзӣ
Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳама бахшҳои хоҷагидории ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 647 млн 441,9 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29 млн 334,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,7 фоиз мебошад. Аз он 449 млн 630,1 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ (суръати афзоиш 110,9 фоиз) ва 197 млн 811,8 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ (суръати афзоиш 92,9 фоиз) рост меояд.
Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 22 ҳазору 573 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ин баробари 101,4 фоизи дурнамо буда, аз он 7613 гектар ғалладонагиҳо, 6850 гектар гандум, 405 гектар ҷав, 242 гектар ҷуворимаккаи дон ва 116 гектар дигар намуди ғалладонагиҳо, 1577 гектар сабзавот (аз он 802 га пиёз, 86 га сабзӣ, 111 га карам, 350 га помидор, 200 га бодиринг ва 33 гектар дигар намуди сабзавот), 320 гектар картошка, 10 737 гектар зироатҳои техникӣ (аз он 10 162 гектар пахта, 484 гектар зағер ва 91 гектар офтобпараст), 1103 гектар полезӣ ва 1222 гектар зироатҳои хӯроки чорво (аз он 710 га юнучқа, 7 га бехмева ва 505 гектар ҷуворимаккаи силос) мебошад.
Соҳаи саноат
Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2023 корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳия ба маблағи 814 млн 468.4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 34 млн 155,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш дар ин давра 105,3 фоизро ташкил медиҳад.
Тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ якчанд корхонаҳои саноатии ноҳия дар бозорҳои хориҷи кишвар ба маҳсулоташон харидор пайдо карда, дар ин давра аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент” ба миқдори 171 ҳазору 473 тонна ва аз корхонаи ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир Семент” ба миқдори 60 ҳазору 430 тонна семент, дар маҷмуъ 231 ҳазору 903 тонна семент, ки маблағи 97 млн 742,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи мамлакат — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон содирот гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръат дар кишвар корҳои муайяне ба сомон расонида шуда, дар давраи соли ҷорӣ коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Накукорон», ҶДММ «Ширинов Нимат», ҶДММ «Сорбон Компания», ҶДММ «Ҳасан Ҳусейн», ҶДММ «Рустамов Наҷмиддин», ҶДММ «Сурайёи Муҳамад», ҶДММ «Музафаров Анушервон», ҶДММ «Мусулмон пласт», ҶДММ «Замираи Ёвон» бо 32 ҷойҳои кории доимӣ ва ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ 4 адад коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 10 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми сармоягузориҳо ҳамагӣ 29 млн 62,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 5 млн 44 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Фондҳои асосӣ ба маблағи 7 млн 956,1 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар масоҳати 2407 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.
Соҳаи нақлиёт
Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 километрро ташкил дода, аз он 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар давоми соли 2023 аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия маблағи 157,7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, муассисаи мазкур дар 0,146 км таъмири асосӣ, 52 км таъмири ҷорӣ гузаронида, 1 адад пул ва 1 адад қубури зери роҳро таъмир намудааст.
Бо ҷалби соҳибкори саховатпешаи ноҳия 5 км роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон — Рӯдакӣ мумфарш гардида, корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома доранд. Ҳамчунин дар ин муддат масофаи 1 км роҳи автомобилгарди байнидеҳавии деҳаи Санҷитак ва 450 метр роҳи деҳаи Парчасойи деҳоти Обшорон мумфарш карда шудааст.
Дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ ба 1295 тонна (101,5 %), гардиши боркашонӣ ба 124 ҳазору 900 тонна/км (103,4 %) ва мусофиркашонӣ ба 3510 нафар (129,1 %), гардиши мусофиркашонӣ ба 583 ҳазору 432 нафар/км (158,1 %) баробар гардидааст.
Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1348 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 596 нафар занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 1016 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 855 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардидаанд.
Дар ин муддат 11 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ гузаронида шуда, 124 нафар сокинон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардидаанд.
Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандон дар моҳҳои январ-феврали соли 2023 ба 1806,92 сомонӣ баробар гардидааст, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 377,51 сомонӣ зиёд аст ва суръати афзоиш 126,4 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи пурсиши хонаводагӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар қарордошта 21 ҳазору 410 нафарро ташкил дода, аз ин 20611 нафар мард ва 799 нафар занонанд.
Соҳаи маориф
Дар ноҳия 85 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсейи давлатӣ, 1 гимназия ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият менамоянд, ки соли таҳсили 2022-2023 дар онҳо 65118 нафар муҳассилин (31590 нафар духтарон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили қаблӣ 2667 нафар зиёд мебошад.
Бо мақсади омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2023-2024, баланд бардоштани сифати таълим ва бартараф намудани мушкилоти ҷойи нишасти хонандагон бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби падару модарон алҳол дар назди 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ №№ 3, 5, 6, 33, 38, 42, 48, 49, 61, 62, 63, 64, 74) сохтмони 94 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 2350 нафар хонандагон идома дошта, аз ин ҳисоб то 1-уми сентябри соли равон 48 ва то охири соли ҷорӣ 46 синфхонаҳои иловагӣ сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз ҳисоби буҷети ноҳиявӣ 2 млн 921 ҳазору 109 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, то ба имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби падару модарон 587 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмиру азнавсозӣ дар 1352 синфхонаҳои таълимӣ оғоз ёфтааст. Алҳол дар 207 синфхонаҳо корҳои таъмиру азнавсозӣ пурра ба анҷом расида, дар боқимонда синфхонаҳо корҳои таъмирӣ рафта истодааст.
Тандурустӣ
Бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинон ва нигаҳдошти саломатии аҳолӣ дар ноҳия 100 муассисаи давлатӣ ва 6 муассисаи хусусии соҳаи тандурустӣ бо 1870 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз ин 266 нафар духтурон ва 1038 нафар кормандони миёна, 386 нафар кормандони хурд ва 182 нафар кормандони гуногун мебошанд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дар ҳамин замина таъмини хизматрасонии саривақтӣ ва сифатноки соҳа алҳол бо саҳми маҳал сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Ҳамза (шаҳраки Ҳаёти Нав), бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Оби Мӯкӣ-1 (деҳоти Обшорон), маркази саломатӣ дар деҳаи Гулистони деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова ва азнавсозии муҳосиботи беморхонаи марказӣ идома дошта, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои нави тиббӣ дар деҳаҳои Меҳристон, Қуймот ва Оҳуҷар (деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов), деҳаи Баҳор (деҳоти Норин), деҳаи Сарқамиш (деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова), деҳаи Оби Мӯкӣ-2 (деҳоти Обшорон) ба нақша гирифта шудааст.
Соҳаи фарҳанг
Айни замон дар ноҳия 4 муассисаи фарҳангӣ (1 Кохи фарҳанги ноҳиявӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 осорхонаи кишваршиносӣ ва китобхонаи марказӣ) мавҷуд буда, ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ мерасонанд.
Бо мақсади ҳарчи бештар ба мутолиаи китоб ҷалб намудани аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон дар хазинаи китобхонаи марказонидашудаи ноҳия 151119 нусха китоб, аз ин шумора 47542 нусха ба забони тоҷикӣ, 92068 нусха бо забони русӣ ва 11509 нусха адабиёт бо дигар забонҳо мавҷуд мебошад.
Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии шабакаи аввал (ТВТ) 100 фоиз, «Сафина» (ТВС) 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 97,8 фоиз ва «Баҳористон» 89 фоизро ташкил дода, 1 шабакаи барномаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон, радиои “Фарҳанг” ва радиои Садои Душанбе дар истифодаи аҳолӣ қарор доранд.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ 75100 нафар аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30-сола мебошанд, ки аз ин 37100 нафар духтаронанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ноҳия 255 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 38 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 8 фитнесклуб, 202 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд.
Дар ноҳия ду муассисаи соҳа — Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ оид ба футбол фаъолият дошта, дар онҳо 26 мураббӣ аз рӯи 11 намуди варзиш дар 58 гурӯҳ ба 700 нафар варзишгарон, аз ҷумла 16 нафар духтарон машғулиятҳои варзишӣ меомӯзонанд.
Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 57 медал, аз ҷумла 23 медали тилло, 21 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардидаанд, ки аз ин 30 медали сатҳи ҷумҳуриявӣ 9 медали тилло, 15 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ва 6 медали сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Алҳол бо мақсади тарғиби захираҳои сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дар ноҳия 5 меҳмонхона, 6 тарабхона, осорхонаи кишваршиносӣ, 28 китобхонаи оммавӣ, 27 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ ва 2 нуқтаи фурӯши армуғонҳо фаъолият доранд.
Дар давоми соли ҷорӣ шумораи умумии сайёҳон ба ноҳия 1370 нафарро ташкил додааст, ки аз он 180 нафар сайёҳони хориҷӣ ва 1190 нафар сайёҳони дохилӣ мебошанд.
Омодагӣ ба ҷашн
Тавре раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ зикр намуд, бо мақсади амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №188 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 7-уми июни соли 2022, №184, қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 23-юми июни соли 2022, №1073 қабул гардида, дар асоси он аз ҳисоби муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, масъулини мақомоти қудратии ноҳия ва дигар роҳбарони корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ гурӯҳи кории роҳбарикунанда таъсис дода шудааст.
— Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 498 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ин ҷониб 73 иншоот, ё ин ки 14,6 фоиз ба истифода дода шуда, имрӯзҳо дар даҳҳо иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия корҳои сохтмонӣ идома доранд,- афзуд раиси ноҳия.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ