Баландтарин парчам аз сатҳи баҳр дар Бадахшон насб мешавад
Дар Тоҷикистон дар қисмати вилояти Бадахшон баландтарин парчам аз сатҳи баҳр қомат хоҳад афрохт.
Қарор аст, баландтарин парчам дар ҷаҳон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-ум июн дар Бадахон парафшон шавад.
Гуфта мешавад, ин парчам 32 метр дарозӣ ва 4,8 метр паҳноӣ доштааст. Дар баландии 1232 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст.
Ҳафтаноми «Ҷавонони Тоҷикистон» менависад: «Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, ки аз давраҳои пеш онро «Боми ҷаҳон» унвон мекунанду дар баладии беш аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, парчами мазкур нафақат дар кишвар, балки дар олам аз баландтарин хоҳад буд».
Парчам дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ қомат хоҳад афрохт. Дар атрофаш боғ бо тарҳи нав бунёд мешавад. Ин лоиҳа бо сармоягузории Корхонаи алюминийи тоҷик анҷом мешавад. Бо ваъди ин корхона корҳои ин лоиҳа то 25-уми октябр ба итмом мерасад.
Дар Тоҷикистон бори аввал парчами балантарин насб намешавад. Соли 2011 дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Душанбе парчам бо дарозии 165-метр қомат афрохта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ