Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар барқияи шодбошӣ гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии қатъиятон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бипазиред.

Натиҷаҳои ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ далели равшани нуфузи баланди Шумо, эътимод ва ҳимояи қавии мардуми Ӯзбекистон аз роҳи стратегиатон мебошад, ки ба навсозии устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тақвияти пайвастаи мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Дар баробари таъкиди саҳми назарраси Шумо дар таъмини рушди афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, алоқамандии амиқи ин ҷонибро ба таҳкими ҳамаҷониба ва ғанӣ гардонидани ин раванд бо мазмуну мундариҷаи нави амалӣ изҳор менамоям.

Итминон дорам, ки мову Шумо дар оянда низ барои пешбурди самарабахши шарикии стратегӣ ва равобити ҳампаймонии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон саъю талоши муштарак ба харҷ хоҳем дод.

Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи гиромӣ, сиҳатмандии комил, комёбиҳои навин ва иҷрои бомуваффақияти тамоми нақшаҳоятонро ба нафъи пешрафти бемайлони Ӯзбекистони дӯст ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳи абадӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *