Бар асари садамаи қатора дар Юнон даҳҳо нафар ҳалок шуданд
Созмонҳои изтирорӣ гузориш медиҳанд, ки бар асари бархӯрди ду қатора дар шимоли Юнон дастикам 26 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Аз шоми сешанбе наҷотдиҳандагон талош доранд мусофиронро наҷот диҳанд ва сӯхтори бар асари садама дар наздикии шаҳри Ларисаро хомӯш кунанд.
Дар ин ҳодиса як қатора бо тақрибан 350 мусофир ба қатораи дигар бархӯрдааст. Дар наворҳое, ки сомонаҳои хабарии маҳаллӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки алангаи оташ ва дуди ғафс аз макони суқути ҳавопаймо боло меравад.
Хадамоти оташнишонӣ гуфтааст, ки 17 мошини оташнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор талош доранд.
Сабабҳои садама то ҳол рӯшан нест. Қатораи мусофиркаш аз Салоники ба Лариса харакат мекардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”, Костас Агорастос — волии вилояти Тессалия ба телевизиони давлатӣ гуфтааст, ки “ин як садамаи хеле вазнин буд. Шаби мудҳиш аст… Ин манзараро тасвир кардан осон нест”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ