Баргузории даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян шуд

 Даври сеюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 15-ум то 27-уми августи соли равон баргузор мешавад.

Вобаста ба даври сеюми озмуни мазкур 13-уми августи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он Мансурӣ Дилрабо — раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода — вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун, комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, сараввал Мансурӣ Дилрабо ҳозиринро бо ҷадвали баргузорӣ, ҳайати комиссияи назоратӣ, ҳакамон ва масъулони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос намуд.

Эҳтимол ин сурати 5 нафар ва матн аст.Сипас, вазири маориф ва илм доир ба омодагиҳо ба даври сеюм ва тартиби баргузории он маъруза намуда, зикр кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде ширкат меварзанд ва он дар дарёфти чеҳраҳои наву лаёқатманд мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки рафти даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, аз аъзои ҳакамон дархост ба амал оварда шуд, ки дар рафти озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳогузорӣ карда, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *