Барномаи фарҳангии ноҳияи Ашт дар шаҳри Душанбе
Санаи 22-юми июли соли ҷорӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Ашт дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Ҷавонон”-и шаҳри Душанбе соати 18:00 баргузор мегардад.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Ашт, дар ин тадбир ҳамчунин намоиши бошукуҳи ҳунарҳои мардумиву дастовардҳои ноҳия ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки аз таърихи гузаштаи Ашти бостон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии он бозгӯ мекунад.
— Ҳунармандони маъруфи ноҳия, дастаҳои рақсии он, навозандагони мумтоз барномаи бошукуҳи консертиро манзури иштирокчиён мегардонанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ