Барномаи iCode — имкони таҳсили ройгон ба занону духтарони Тоҷикистон

Сабти ном барои барномаи iCode оғоз гардид. Тавре ки аз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии лоиҳа аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ тавассути ташвиқ ва дастгирии занон ва духтароне мебошад, ки мехоҳанд роҳи худро дар соҳаи IT оғоз кунанд. Яъне, лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки занону духтарон соҳаи технологияҳои иттилоотиро омӯзанд.

Соли сеюм аст, ки тавассути барномаи iCode занону духтарон соҳаи IT-ро ройгон меомӯзанд. Дар ин давра зиёда аз 100 нафар ин барномаро хатм кардаанд.

Имсол барнома боз ҳам бештар имконият фароҳам меорад ва дар як вақт чаҳор даври омӯзишӣ оғоз мекунад, ки инҳо тарроҳии UX/UI, санҷиши QA, таҳияи iOS ва  идораи лоиҳаҳои IT мебошанд.

Давоми се моҳ занон аз мутахассисони дараҷаи аввал илму малака меомӯзанд. То анҷоми барнома онҳо болои лоиҳаи ниҳоӣ кор мекунанд, ки дар он метавонанд малакаи гирифтаашонро дар амал татбиқ намоянд. Ба донишҷӯёни муваффақтарин барои пайдо кардани кор кумак пешниҳод мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби American Space Dushanbe пешбарӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо Ҳумолаб, Илмхона ва Алиф Академия амалӣ мешавад.

Сабти ном то 15 август аст. Барои маълумоти муфассал шумо метавонед ба American Space Dushanbe бо рақами 987600221 муроҷиат кунед ё ба онҳо дар Instagram @americanspacedushanbe нависед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *