Барои чӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли семент кам шуд?
Дар Тоҷикистон истеҳсоли семент коҳиш ёфтааст, вале мақомоти кишвар сабаби ин тамоюлро шарҳ надодаанд.
Аз Вазорати саноати кишвар хабар медиҳанд, ки дар панҷ моҳи соли равон дар кишвар беш аз 1 миллиону 649 ҳазор тонна семент тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 наздик ба 155 ҳазор тонна ё 8,6% камтар аст. Сабабҳои кам истеҳсол шудани семент дар кишвар аз сӯйи мақомот шарҳ дода нашудааст.
Дар маҷмуаи оморӣ барои содироти семент сутуни алоҳида мавҷуд нест. Семент ба гуруҳи махсулоти маъданӣ дохил мешавад, ки он инчунин маъдан, консентрат, маҳсулоти нафтӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар солҳои қаблӣ ҷумҳурӣ ҳар сол беш аз 1,5 миллион тонна семент содирот мекард. Ин масолеҳи сохтмонӣ асосан ба кишварҳои ҳамсоя — Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содирот мешуд.
Бояд гуфт, ки ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди ин мавод машғуланд. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ «Ҷунтай Моҳир» ва ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» дар Ёвон, инчунин «Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент» мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент тавлид шуда буд. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 миллион тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ