Барои ниқоби тиббӣ 2 касро кушту 3 нафарро маҷрӯҳ кард

Дар яке аз марказҳои чандманзура (МФЦ)-и шаҳри Маскав шахси ҳувияташ номаълум ба сӯйи мардум оташ кушод

Дар Маркази чандманзураи «Рязанский», дар ҷанубу шарқи Маскав як нафари ҳувияташ номаълум сӯи кормандону корафтодагон тир шиллик кардааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, тайи ин тирпаронӣ ду нафар ба ҳалокат расидааст. Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса ҳастанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳамлагарро нерӯҳои интизомӣ боздошт кардаанд. Вай ба сӯйи як корманди марказу як корафтода тир шиллик кардааст.

Маълум аст, ки муноқиша миёни ин мард ва мутахассиси марказ бар сари ниқоби тиббӣ ба вуҷуд омадааст.

Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, дар маҷмуъ се нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ин хабари нохушро таъйид намуда, ба хонаводаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Следите за нами в социальных сетях
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *