Барои “поделиться” 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Рустам Мамаҷонов, як узви собиқи ҳизби демократ дар вилояти Суғдро додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо ҷурми бознашри видеоҳои мухолифин ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Ин фаъоли собиқи Ҳизби демократро дар вилояти Суғд додгоҳ ба муҳлати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кардааст. , Рустам Мамаҷонови 59 сола тибқи иттилои Радиои Озодӣ моҳи март боздошту моҳи июн маҳкум шудааст. Ӯ зимни тафтишот иброз доштааст, ки видеоҳоро надониста, тасодуфан нашр кардааст. Додгоҳ ин далели ӯро аз рӯи он гуфтаи қонунии “Надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад” ба инобат нагирифта ҳукми худро содир карддаст.
Маводи парванда нишон медиҳанд, ки Мамаҷонов дар охири соли 2019 бо Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифин, дар Фейсбук дӯстӣ карда, се навори суханронии ӯ, аз ҷумла ду навори Гадоев дар бораи оилаи президентро бознашр (поделиться) кардааст.
Кайҳост, ки дар Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои умдаи мухолифин, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гуруҳи 24” ва Паймони миллӣ мамнӯъ эълон шуда, барои ҳар навъ ҳамкорӣ ё таблиғи онҳо тибқи моддаи 307 ҷазо пешбинӣ шудааст.
Рустам Мамаҷонов дар аввалҳои солҳои 90 як соҳибкори хеле муваффақ ва аз сармоягузорони ҳизби демократ буд.
Шарофиддин Гадоев, ки Рустам Мамаҷонов барои бознашри суҳбатҳои ӯ зиндонӣ шудааст, мегӯяд, ин фаъоли Ҳизби демократронадидаасту намешиносад.
Абдукарим Абдулҳамидов мегӯяд, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят бурда, то охир талош мекунад, бегуноҳии Мамаҷоновро собит кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ