Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ бо Тоҷикистон дар Қатар

Имрӯз, 25-уми июли соли 2023 дар шаҳри Давҳа вохӯрии кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Соҳибзода бо Мудири раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқии Вазорати савдо ва саноати Давлати Қатар Солеҳ Абдуллоҳ ал-Монеъ баргузор шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Қатар иттилоъ додааст, ки дар рафти мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузориҳо, гидроэнергетика, ҳамлу нақл ва саноат  баррасӣ шудааст.

Ҷонибҳо атрофи роҳҳои тақвияти робитаҳо байни бахши хусусии ду кишвар табодули назар карда, дар ин замина зарурати дар фурсатҳои наздик танзим намудани нишасти аввали Шӯрои соҳибкорони ду кишвар таъкид гардидааст.

Гуфта мешавад, ки масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва лоиҳаи протоколи ҷаласаи мазкур низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *