Баррасии ҳамоишҳои иқтисодӣ дар мулоқоти Зоҳидӣ бо Салоҳварзӣ

Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар Эрон бо раиси Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии Эрон Ҳусейни Салоҳварзӣ мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи сармоягузорӣ ва тиҷорат, ҷалби ширкатҳо ва сармоягузорони эронӣ ба иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Мавзуи ширкати тоҷирони эронӣ дар ҳамоишҳо ва намоишгоҳҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *