Баррасии татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Швейтсария
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқоти тарафҳо, ки дар шаҳри Бад-Рагаз баргузор шуд, маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя» Протокол имзо шудааст.
— Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария вазири молия Ули Маурер ба имзо расониданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ