Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Зулфия Абдусаматзода вобаста ба таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дар ҷаласа вазъи кунунии хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки айни замон масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин самт пайваста тадбриҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

— Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *