куштор

Барқияи вазир ба вазир: Қазияи Сайёра Дусаева воқеъбинона баррасӣ шавад (аудио)

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи рӯзи 4-уми январи соли 2023, ки дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Москваи Федератсияи Россия нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева рух дод, ба вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В. А. барқия ирсол намуд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, дар барқия хоҳиш шудааст, ки ҷиҳати воқеъбинона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат карда шавад.

Хотиррасон менамоем, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона латукӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад.

Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *