Башорат-Бухоро

Замин донам

Замоне, ки зи хушбахтӣ,

На дўст донам, на душманро.

Дар ин гардуни чархгардон,

На зишт донам, на поктанро.

Билохир мешавад ин тавр,

Туро бехуду бехудҳо.

Илоҳӣ, дар таҳи поям,

Замин бошад, замин донам.

Вуҷуди кас зи дард сўзад,

Зи нодонӣ сард сўзад.

Рухи ҳайрони ночорам,

Зи бедардии мард сўзад.

Билохир мешавад ин тавр,

Туро бехуду бехудҳо.

Илоҳӣ, таҳ таҳи поям,

Замин бошад, замин донам.

Дили лабрез аз ишқам,

Чу шамс бошад нур-нурҳо.

Ва рўди саркаши кўҳӣ,

Садо диҳад ба дур-дурҳо.

Билохир мешавад ин тавр,

Туро бехуду бехудҳо.

Илоҳӣ, таҳ таҳи поям,

Замин бошад, замин донам.

***

Ҷустуҷў кун

Саҳаргоҳон баро бар дидани гул,

Туро сармаст созад накҳати мул.

Назар кун ғунчаи нохандида,

Дар он ишқ аст афғони булбул.

Маро аз навгиёҳҳо ҷустуҷў кун,

Зи осмони мусаффо ҷустуҷў кун.

Даме, ки резаборони баҳорӣ,

Паропар мекунад гулкосасарҳо.

Чу дар вай гардани зебосанамҳо,

Фараҳбахш менамояд дидаҳоро.

Бишаста чанг рўи сабзазорҳо,

Муаттар мекунад бўи ҳаворо.

Маро аз сели шодон ҷустуҷў кун,

Пас аз шабҳои тобон ҷустуҷў кун.

Манам он зарраи дурри ҳавоӣ,

Надорам аз замин азми ҷудоӣ.

Бирам аз дили хок бар арши аъло,

Ки бахти одамӣ бинам бар оллоҳ.

Маро аз барфи аввал ҷустуҷў кун,

Зи ҳар як бахти комил ҷустуҷў кун.

بشارت- بخارا

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *