беҳтаринҳо

Беҳтаринҳо дар Чемпионати Тоҷикистон маълум шуданд

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он беҳтаринҳо маълум шуданд.

Дар чемпионат, ки тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рўи 7 вазн миёни мардҳо ва 2 вазн миёни бонувон сурат гирифт, ҳудуди 250 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Қувваозмоиҳо миёни бонувон дар ду вазн -57 кг ва -63 кг сурат гирифт, ки Шоҳида Қаландарова ва Ҷонона Назарова беҳтарин буданд. Миёни мардҳо дар 6 вазн намояндагони шаҳри Душанбе ва дар як вазн варзишгар аз шаҳру навоҳии тобеи марказ унвони чемпиониро ба даст оварданд. Миёни бонувон дар вазни -57 кг Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева, Рўзафзун Бекназарова, дар вазни -63 кг Ҷонона Назарова, Мавлуда Одинаева, Қурбонгул Ҳалимова ҷойҳои ифтихориро сазовор шуданд.

Миёни мардҳо дар вазни -60 кг Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода, Меҳрзод Суфиев, Саъдӣ Маҳмадов (ҳама аз Душанбе), дар вазни -66 кг Эмомалӣ Нуралӣ, Шаҳбоз Саидаброров, Фирўз Мелибойзода, Ориф Додов (ҳама аз Душанбе), дар вазни -73 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров (ҳарду аз Душанбе), Мирзоҷамил Рамазонов (Хатлон-1), Илҳомиддин Ҷабборов (Рашт), дар вазни -81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (Душанбе), Сайфидин Сайфидинзода, Ҳамроз Раҷабов (ҳарду аз Суғд), Умар Расулов (ШНТМ), дар вазни -90 кг Ҳақназар Назаров (ШНТМ), Умедҷон Раҷабов (Душанбе), Акмал Муродов (Хатлон-1), Кароматулло Ҳакимов (Душанбе), дар вазни -100 кг Исроил Раҳимов, Саидҷамол Алимардонов (ҳарду аз Душанбе), Ворис Нуриддинов, Улуғбек Раҳимов (ҳарду аз ШНТМ), дар вазни +100 кг Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Башир Фахриддин, Муҳаммад Одинаев (ҳама аз Душанбе) ҷойҳои намоёнро гирифтанд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, бори аввал бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *