Бедарак шудани ноболиғ: тарси падар ё бозии «Алик малик»
Санаи 11 июли соли равон, Холов Абубакр як ноболиғ аз деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор аз хона баромада бедарак гум шудааст. Холов Абубакр, хонандаи синфи 8 буда, 15 сол дорад. Бино ба иттилоъи пайвандонаш Абубакр субҳи 11 июл соати 8-и субҳ ба бозор барои харидани доруи зиддиҳашорот рафта дигар барнагаштааст.
Падари Абубакр Холов Бақо мегӯяд, ки онҳо 9 рӯз боз писарашро ҷустуҷӯ доранд, аммо ягон нишона пайдо накардаанд. Бино ба хабарҳои ба мо расида Абубакр дар назди бозори ноҳия ба доми қиморбозон (ба қавле бозии «Алик малик») афтода, тамоми пулҳои падарашдодаро дар бозӣ бой додааст. Баъди ин Абубакр аз тарси он ки падараш ӯро сарзаниш мекунад ба хона барнагаштааст.
Алиакбар як сокини деҳаи Нилӯ Абубакрро дар назди бозори «Садбарг»-и шаҳри Душанбе дидааст ва хостааст ӯро иҷборан ба деҳа барад, аммо Абӯбакр аз ӯ фирор карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ барнамегардад.
Агар касе аз Шумо Абубакрро дидед, ба телефонҳои 907 00 58 52; 908 66 41 21 занг занед ё ба мақомоти милитсия муроҷиат кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ