Бегуноҳие, ки пас 45 соли зиндон исбот шуд
Дар ИМА як марди 83-сола пас аз 45 соли зиндон барои куштори як нафари дигар бегуноҳ дониста шуд. Ишая Эндрюс дар куштори зани худаш дар соли 1974 гунаҳкор дониста шуда буд.
Дар меҳмонхонаи Colonia House дар Кливленд, Огайо ҷасади зане бо 11 захми корд пайдо шуд. Ин мард аз аввал гуноҳашро рад мекард, вале ба ҳабси абад маҳкум шуд ва тақрибан ним аср ба адолати судӣ расида натавонист. Бозрасии парванда танҳо дар соли 2020 оғоз шуд. Эндрюсро пас аз он, ки додситонҳое, ки беш аз 40 сол пеш бо парвандаи ӯ сару кор доштанд, ба ҳакамон хабар надодаанд, ки дар ин парванда боз як гумонбари дигаре, ки соли 1975 бозпурсӣ шуда буд, мавҷуд аст, зиндонӣ шуд.
Гумонбари дуюме, ки соли 2011 фавтида буд, алиби дорад, аз ин рӯ бозпурсии ӯ ҳеҷ гоҳ тасдиқ ва дар ин раванд истифода нашудааст. Аммо тафтиши нав иштибоҳро ошкор кард — замони марги зан дар ҳуҷҷатҳо нодуруст нишон дода шуда будааст. Ҷаласаи нав оид ба қазияи куштори зан рӯзи 19 октябр баргузор шуд. Додгоҳ ягон далелеро пайдо накард, ки Эндрюс ба ҷинояте, ки барои он ба ҳабси абад маҳкум шудааст, иртибот дошта бошад. Ҳакамон мардро бегуноҳ донистанд. Пас аз эълони ҳукм, Ишая Эндрюс, ки гирифтори саратон аст ва танҳо дар аробачаи маъюбӣ ҳаракат карда метавонад, гуфт, ки ӯ акнун худро сабук ҳис мекунад.
«Ишаё қариб 46 солро дар зиндон гузаронд. Ин дуввумин хулосаи ноодилонаи тӯлонитарин дар таърихи ИМА мебошад. ”гуфт Брайан Хоу, ки парвандаи Эндрюсро баррасӣ мекард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Иёлоти Муттаҳида марде озод шудааст, ки барои куштор, ки содир накардааст, 32 соли зиндонро сипарӣ кардааст. Маълум шуд, ки маъшуқаи собиқаш ӯро тӯҳмат карда будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ