Бехобӣ: cабаб ва оқибатҳои он

Хоб дар ҳаёти инсон нақши муҳиме дорад. Вақте ки мо мехобем, диламон қувваи дар тӯли рӯз сарф намудаашро аз нав барқарор месозад.

Хоби бароҳат, ҳамчунин, сатҳи ҳормонҳоро ба эътидол оварда, ҳуҷайраҳои асабро эҳё менамояд ва раванди пиршавии организмро ба таъхир меандозад. Аммо баъзан чунин мешавад, ки реҷаи хоби инсон худ аз худ вайрон шуда, мижа таҳ карда наметавонад ва аз бехобӣ азият мекашад.

Бехобӣ ва оқибати он

Бехобӣ намудҳои гуногун дорад. Яке то як паси шаб мижа таҳ карда наметавонад, дигарӣ баръакс нимаи шаб худ аз худ бедор мешавад ва бо ҳамин дигар то саҳар хобаш намебарад. Ҳолатҳое низ мешаванд, ки одам шабҳоро ба дида рӯз мекунад ва ҳатто 10 дақиқа ҳам хобида наметавонад.

Бехобӣ ба саломатӣ ва эҳсосоти кас таъсири ногувор расонда, боиси хароб шудани асаб, суст шудани қувваи муҳофизатии организм ва кам шудани фаъолияти кории инсон мегардад. Одамоне, ки азоби бехобӣ мекашанд, хеле асабонӣ ҳастанд ва худро ҳамеша хаставу бемадор эҳсос мекунанд. Бехобӣ хотираи шахсро заиф мегардонад ва ӯ наметавонад ҳушу ёдашро ҷамъ карда, бо дасту дили гарм ба кор часпад.

Бехобӣ сабабҳои зиёде дорад. Он метавонад натиҷаи тағйирёбии тарзи ҳаёт бошад, масалан, аз кори рӯзона якбора ба кори шабона гузаштан, аз як шаҳр ё қитъа ба гӯшаи дигари олам парвоз намудан, дар бораи ягон масъала зиёд фикр кардан реҷаи хоби инсонро вайрон карда метавонад. Маъмулан, дар чунин ҳолатҳо одам аз 3 то 10 рӯз азоби бехобӣ мекашад, баъдан организм ба тарзи нави зиндагӣ ё муҳити нав одат мекунад ва хоби кас дубора барқарор мешавад.

Ба духтур муроҷиат намоед, агар…

Бехобӣ метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ низ бошад, бинобар ин, дар ҳолатҳои зерин бояд фавран ба духтур муроҷиат намоед!

1. Агар бехобиатон беш аз ду ҳафта давом намояд.

2. Ба зудӣ хобатон намебарад ва баъди он ки хобатон бурд, дар хоб дандонҳоятонро мехоед.

3. Дар хоб чанд маротиба аз ҷогаҳатон парида мехезед.

4. Шабҳо хобҳои даҳшатангез мебинед.

Дар ҳолатҳои зикршуда ҳатман ба духтури асабшинос муроҷиат кардан лозим аст, чунки ин нишонаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки системаи асаби шумо халалдор гаштааст ва ё ба ягон бемории асаб гирифтор ҳастед. Духтур баъди гузарондани ташхисҳои зарурӣ бемории шуморо муайян намуда, мувофиқи он табобат мефармояд, то ки ҳам аз беморӣ ва ҳам аз бехобӣ халос шавед.

Ҳаммоми гиёҳӣ –  давои бехобӣ

Дар чунин ҳолатҳо бо кумаки гиёҳҳои шифобахш бехобиро рафъ кардан имконпазир аст, масалан, пудина ва бобуна барои касоне, ки азоби бехобӣ мекашанд, давои беҳтаринанд. Аз ҳар кадоми ин гиёҳҳо як кафӣ гирифта, ба зарфе андозед ва аз болояш оби ҷӯшидагӣ резед. Даҳони зарфро маҳкам кунед ва монед ним соат истад. Ваннаро пур аз оби гарм созед ва гиёҳобро ба он илова намоед. Тахминан 10-15 дақиқа дар даруни ин об бишинед, хастагии ҷисмонии шумо рафъ мешавад. Одатан баъди чунин ҳаммоми гиёҳӣ кас хеле ором ва бароҳат мехобад. Шумо метавонед як шаб дар гиёҳоб бишинеду шаби дигар ба оби ванна намаки баҳрӣ андозед. Намаки баҳрӣ дар баробари ба саломатӣ ва пӯст фоида доштанаш асабонияту хастагиро аз байн мебарад ва ба хоби осудаву бароҳат мусоидат менамояд.

Шароб ва телефон гунаҳгор

Хоби орому осуда мехоста бошед, бегоҳ хӯрокҳои тез, тунд, серравған, нахӯред ва қаҳваю нӯшокиҳои спиртӣ нанӯшед. Фаромӯш накунед, ки то як поси шаб телефонбозӣ кардан низ боиси бехобӣ гашта метавонад. Ақаллан як соат пеш аз хоб телефонатонро хомӯш кунед ва ҳаммоми гиёҳӣ гирифта, як пиёла асалчой бинӯшеду ба бистари хоб дароед. Дар ҳавои мусиқии пасту ором дар хонаи нимторику бистари нарм ба зудӣ чашмонатон пӯшида мешаванд ва шумо ба хоби роҳат фурӯ меравед. Орому осуда бихобед, зеро хоби ширин нисфи саломатист.

Таҳияи Нодира  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *