Белорус Низомиддин Насриддиновро ба Тоҷикистон супорид
Мақомоти Белорус Низомиддин Насриддиновро, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми даъват ба ифротгароӣ парванда боз шудааст, ба мақомати ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорид.
Низомиддин Насриддинов ба унвони узви «Гурӯҳи 24», як ҷунбиши сиёсии мухолиф маъруф аст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 8-уми январи соли 2023 марзбонони Белорус Насриддиновро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши ворид шуданаш аз Литва ба ин кишвар боздошт карда буданд.
Гуфта мешавад, ки ӯ бо моддаи 307-1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ва бо моддаи 361-и Кодекси ҷиноятии Белорус гунаҳкор дониста шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ