Бетартибӣ дар Шаҳритус. Чаро мақомот пеши роҳи онро намегирад?
Зиёд будани нақлиёти мусофиркаш, бетартибӣ ва савдои кӯчагӣ боиси ҳамарӯза тамбашавии роҳ дар маркази маъмурии ноҳияи Шаҳритус мешавад. Бо вуҷуди ҳаракати яктарафаи нақлиёт ҳанӯз масъулин мушкили тамбашавӣ, савдои кӯчагӣ ва ифлосии атрофи бозорро пурра бартараф карда наметавонанд.
Назорат мебарем, аммо…
Садбарг Тӯйчиева, раиси ҷамоати шаҳраки Шаҳритус дар суҳбат ба мо гуфт, барои пешгирӣ аз савдои кӯчагӣ дар атрофи бозори марказӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ҳамарӯза назорат мебаранд. Ӯ мегӯяд, мо ба ҳар як фурӯшанда огоҳнома дода, дар алоҳидагӣ бо онҳо суҳбат кардем. Шумораашон кам шуда, тозагӣ низ таъмин гардид,-таъкид кард вай. Вале бо банд будан дар даъвати ҷавонон ба артиш боз савдои кӯчагӣ авҷ гирифт,-афзуд вай.
Роҳрав беҳтар аз дӯкон?
Дар суҳбати сарироҳӣ яке аз савдогарон, ки дар роҳрав нишаста буд, гуфт, барои мо дар ҳаминҷо (роҳрав) нишастан мувофиқ аст. Инҷо савдоямон хубтар аз дохили бозор мешавад. Дар посух ба гуфтаи мо, ки дар берун нуқтаи савдо кардан мумкин нест чунин посух дод. “Ман зиёда аз як сол аст, ки дар беруни бозор савдо мекунам. Мумкин, ки намебуд раисон намемонданд. Як-як омада ба даруни бозор дароед мегӯянд. Баъди рафтанашон боз ҳама ба савдо дар берун аз бозор идома медиҳанд”.
Ҷаримаи 52-фурӯшанда
Аз Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологии ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки давоми 11-моҳи соли ҷорӣ, танҳо аз бозор ва атрофи он нисбат ба 52-нафар санад тартиб дода шудааст. Маблағи ҷарима кам не, наздики 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин баробар бештар аз як тонна маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шудааст. Минбаъд низ дар ин самт кор идома хоҳад кард,-гуфтанд аз ин муассиса.
Вазъ мисли пештара
Вале ба мушоҳидаи мо ҳанӯз дар атрофи бозори ноҳияи Шаҳритус фурӯшандаҳои кӯчагӣ маҳсулоти хӯроквориро тавре ба фурӯш гузоштаанд, ки мутаассифона, тозагиву бехатарӣ ба таври зарурӣ таъмин нест. Маҳсулоти нонӣ, гӯшт, чака ва моҳӣ дар ҳавои кушод ва рӯяшон кушода фурӯхта мешавад, ки ин албатта бехатар нест.
Хостем дар масъалаи тозагии атрофи бозор ва маркази маъмурии ноҳияи Шаҳритус бо масъулини хоҷагии манзиливу коммуналӣ суҳбат кунем. Вале роҳбари ин ниҳодро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистем. Ба зангҳои телефонии мо низ ҷавоб нагуфтанд.
Ваъдаҳо амалӣ мешаванд?
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус ҳанӯз 29-июли соли 2021 дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки минбаъд пеши роҳи савдои кӯчагиро мегирад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки вазъ аз пештара бадтар шудаасту беҳтар не.
Пас чаро дар Шаҳритус мақомот пеши роҳи савдогаронро гирифта наметавонад? Ё зери коса нимкосае ҳаст?
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ