“Бибӣ, бобо, набера». Рӯнамоии китоби нависандаи ҷавон Сайидо Шарафӣ
Дар Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили рӯнамоии китоби эҷодкори ҷавон Сайидо Шарафӣ — «Бибӣ, бобо ва набера» баргузор шуд. Ҳикояҳое, ки шомили ин китоб шудаанд, барои кӯдакону наврасон равона гардидаанд.
Дар маросими рӯнамоӣ, ки 17-уми июн баргузор гардид, адибони шинохтаи кишвар Кароматуллоҳи Мирзо, Бахтиёри Муртазо, Юсуфҷон Аҳмадзода, Латофат Кенҷаева ширкат ва ба адиби ҷавон тавсияҳо доданд.
Мавриди зикр аст, ки “Бобо, бибӣ, набера” дуюмин китоби нависандаи ҷавон Сайидо Шарафӣ буда, китоби нахустини ӯ «Шодии талх» соли гузашта интишор ва барандаи ҷоизаи “Китоби сол” гардида буд. Китоби дуюми Сайидо бо забони тоҷикиву русӣ буда, ба он Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон ва адиби маъруф Темур Зулфиқоров сарсухан навиштаанд.
Дар маҳфил зикр гардид, ки Сайидо Шарафӣ дар оғози роҳи эҷодиёт қарор дошта, дорои сабку услуби ба худ хос аст ва дар натиҷаи омӯзиши бештар метавонад ба комёбиҳои назаррас ноил гардад.
Сайидо Шарафӣ 7-уми марти соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, айни ҳол донишҷӯи Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон аст. То имрӯз ҳикояҳои алоҳидаи ӯ дар нашрияҳои даврӣ ба нашр расидааст. Ӯ ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020, аз рӯи номинаи адабиёти ҷаҳон мебошад.
Идибеки Саид,
донишҷӯ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ