Билл Гейтс: Ҷаҳонро фоҷиаи нав интизор аст
Муассиси Microsoft, яке аз сарватмандтарин инсонҳо ва хайрхоҳи номӣ, ки дар пайдоиши коронавирус ӯро айбдор мекунанд, пешгӯӣ намудааст, ки ҷаҳон пас аз пандемияи коронавирус боз ба ду фоҷиа дигар дучор мешавад.
Биотерроризм ва тағйири иқлим
Пешгӯии Гейтсро YouTube-канали Veritasium нашр намудааст. Ба изҳори ӯ, яке аз ин фоҷиа ин тағйирёбии иқлим мебошад, ки ҷаҳон ба чунин дигаргунӣ тамоман омода нест.
Гейтс мегӯяд, ҳамасола сатҳи маргу мир аз ин омил ба фарқ аз талафот дар замони пандемия бештар хоҳад шуд.
Номбурда, ҳамчунин, аз таҳдиди биотерроризм гуфт, ки ҷаҳонро метавонад ба даҳшат орад.
“Ҳоло агар касе хоҳад ба ҷаҳон зарар расонад, вирусро эҷод мекунад ва таъсири он аз эпидемияи табиӣ бадтар хоҳад буд”, — илова намуд Гейтс.
Билл Гейтс ҳанӯз моҳи январи соли гузашта аз пандемияи навбатӣ ҳушдор дод, ки даҳ маротиба аз вируси COVID-19 бадтар аст. Ба ақидаи ӯ, ба ин таҳдидҳо ҳамон тавре, ки ба таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ омодагӣ дид, бояд ҳамин гуна муносибат кард.
Пандемияи нав меояд?
Ба ақидаи миллиардер, дар 20 соли оянда ҷаҳонро пандемияи нав таҳдид мекунад.
Ин фарзияро миллиардер дар подкасте, ки бо ҳунарпеша Рашида Ҷонс ва сармутахассиси бемориҳои сироятии ИМА, Энтони Фаучи сабт кардааст, гуфт.
Ҳангоми суҳбат, Ҷонс аз ӯ пурсид, ки оё пандемияи нав ҳатман инсониятро фаро мегирад.
«Бале. Ва мо хушбахт хоҳем буд, агар ин кор дар тӯли бист сол рӯй диҳад», — гуфт Гейтс ва шарҳ дод, ки эҳтимоли сенарияи дигар аст, ки пандемия метавонад хеле пештар — пас аз се сол ба амал ояд, менависад РИА “Новости”.
Чуноне бунёдгузори Microsoft қайд кард, инсоният барои пандемияи оянда бештар омода хоҳад буд. Ба гуфти ӯ, то он замон алгоритми муайян коркард хоҳад шуд ва зимни оғози ҳамагирӣ карантин ҷорӣ мешавад ва низоми тестгузаронии сироятшудагон хубтар ба роҳ монда мешавад.
«Бори дуюм мо чунин беақл нахоҳем буд», — хулоса кард ӯ.
Ӯ таъкид кард, ки ҳамагирии оянда бо талафоти камтар дар пай хоҳад дошт, агар инсоният аз ин пандемия дарс бигирад.
Пештар Созмони ҷаҳонии беҳдошт инсониятро барои омодагӣ ба пандемияи нав даъват карда буд. Дар баробари ин, созмон қайд кард, ки бархе аз кишварҳо бо инфрасохтори омода барои ҳолатҳои фавқулода тавонистанд дарҳол барои пешгирии коронавирус чораандешӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ