Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Олимҷон МУҲАММАДҶОНЗОДА, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон
— Гуруҳи корӣ панҷ сол кор кард ва бо қарори ҳукумат имло тасдиқ шуд. Дигар роҳи бозгашт нест. Аломати “Ъ”-ро низ аз алифбои забони тоҷикӣ намебардорем.
— Эъ, о, ҳамин шарҳу тавзеҳатонро барвақттар мегуфтед, намешуд!? Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мазҳака ба вуҷуд овардед. Ё мақсад пуровоза кардани фаъолияти Кумита буд?
Дилафрӯз АМИРЗОДА, мудири телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
— Баъзе эълонҳоро бо забони инглисӣ нашр мекунем. Нашрҳои иттилоотӣ бо забонҳои инглисиву русӣ ҳам дорем. Баъзе филмҳо пурра бо забони инглисӣ пешкаш мешавад.
— Ҳмм, бечора забони тоҷикӣ, боз ҳам моли чанд нафар зиёиву олими забоншиносу забондӯст мондан мегирад-да!
Сафар ҲАҚДОД, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон
— Филмнома як моли “тезвайроншаванда” аст. Инро бояд “Тоҷикфилм” қаблан пешгӯӣ намояд, ки соли равон ва солҳои оянда кадом филмҳо офарида мешаванд.
— Аҷоиб гапҳо мезанед, раис! Идораи обуҳавосанҷӣ наметавонад вазъи солҳои ояндаро пешгӯӣ кунаду “Тоҷикфилм” метавонад филм пешгӯӣ намояд? Ё ягон экстрасенс доранд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ