Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Қурбони СОБИР, ҳунарманди саршиноси тоҷик
— Ҳоло бачаҳо ба донишкада меоянд, комилан дар мактаби миёнаанд. Аз 1-ум то 20-уми сентябр ман дониши умумии онҳоро месанҷам, ба хонандагони синфи се баробаранд.
— Акнун, ин хел вазнин нагиред, устод! Масалан, то октябр ё ноябр санҷед, мебинед, ки донишашон ба хонандагони синфи чор баробар шудааст.
Зарринахон ҶУМЪАБОЕВА, омӯзгори Коллеҷи санъати Хуҷанд
— Ҳаҷв бисёр нозук ва мушкил аст. Агар ҳаҷвнигор дар гуфтораш андаке андеша накунад, метавонад ба сари худ бало орад. Ҳаҷв таҳқирро намеписандад…
— Таҳқир шарт нест, мувозинатро ба назар гиред. Вақте як касро ҳаҷв кардед, дар муқобилаш ягон рақиби зӯрашро мадҳ кунед ва кори хирс тамом…
Дмитрий ПОЛЕТАЕВ, ходими Академияи илмҳои Русия
— Ин устувории фаъолияти корхонаҳо, ташкилотҳо, сохтмонҳо, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайраҳост. Сабаби асосии омадани онҳо (муҳочирон, аз ҷумла тоҷикон) дар ҳамин аст. Бозори меҳнати мо ниёз дорад, зарурат ҳаст, агар зарурат намебуд, намеомаданд.
— Дуруст, таҳлили олӣ! Аммо, бидонед, агар муҳоҷирон худ зарурат намедоштанд, намеомаданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ