Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҷаббор НОСИРЗОДА, раиси ноҳияи Шаҳринав

— Дар давраи ҳисоботӣ 155 нафар шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия қабул карда шуданд. Доир ба иҷрои муроҷиатҳо супоришҳои мушаххас дода, баҳри ҳалли проблемаҳо саривақт чораҷӯӣ карда шудааст.

— Ҳммм. Пас чаро мо аз натиҷаҳои мушаххаси супоришҳои мушаххасатон хабар надорем?

БАҲРИННИСО, шоираи тоҷик

— Ғарб аз ҷиҳати техникаву сармоя пеш рафт, аз ҷиҳати маънавият ва руҳия ба насиҳат ниёз дорад, ба шеър ниёз дорад, ба наср ниёз дорад.

— Эҳ, муаллимаи азиз, охир, барои чӣ пардапӯшона гап мезанед? Рӯирост гӯед, ки олами Ғарб ба насиҳати шоирони тоҷик ниёз дорад.

Алишер ҚАНОАТЗОДА, раҳбари Ансамбли “Тарона ва рақс”

— Ёдам ҳаст, чанд соли пеш дар ҳузури президенти вақти Қирғизистон камина суруди қирғизиро месурудам, ӯ чӣ қадар хурсанд шуда буд, кафкӯбӣ мекард ва ҳатто омада суҳбат карда буд ва акс мегирифт.

— Ягонто аз ҳамон аксҳо бошад агар, фиристонед, чоп кунем…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *