Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Петр СЕГРТ, сармураббии Тими миллии Тоҷикистон

— Мехоҳам бигӯям, ки давоми ду ҳафта омода кардани як даста душвор аст, вале мо умедворем, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат мегирем. Маҳз ҳамин мақсад назди даста гузошта шудааст.

— Ҳммм, ба мақсадатон эҳтиром қоилему ана ҳамин шикоят карданатон аз фурсати танг умедвориятонро духӯра намоиш дода истодааст.

Владимир МАЛАХОВ, муҳаққиқи масоили муҳоҷират

— Тоҷикон як номи умумӣ барои муҳоҷирон шудааст, ки мутаассифона, аз таъсири нажодпарастӣ дар Русия бармеояд ва сокинони кишвари мизбон доир ба фарҳанги нафарони ба ватани онҳо омада андеша намекунанд.

— Шояд барвақт андешидаву соҳиби фарҳангу тамаддуни куҳан будани тоҷиконро фаҳмида бошанд ва барои ҳамин худро бетафовут вонамуд мекунанд!

Барзу АБДУРАЗЗОҚОВ, коргардони театри тоҷик

— Ман дар театри тоҷик кор накунам ҳам, дар театри дигар кишварҳо кор мекунам. Вақте чил соли ҳаётатон дар театр мегузарад, аз бӯйи он мефаҳмед, ки он оянда дорад ё на.

— Агар аз бӯй мефаҳмида бошед, ку як бӯй кашида, гӯед, ки Театри опера ва балет, Театри Лоҳутӣ, Театри ҷавонон оянда доранд ё не?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *